1 сентябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабараторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, бо омӯзгорону хонандагони муассисаи наву замонавӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил ба гимназияи мазкур танҳо дар асоси озмун қабул карда мешаванд.
Дар муассисаи таълимии нав таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи забономӯзӣ зоҳир гардида, синфхонаҳои алоҳидаи омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва хитоӣ ташкил гардидааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо усули лингафонӣ роҳандозӣ шуда, дар тамоми синфхонаҳое, ки барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидааст, дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст.
Ҳамчунин синфхонаи компютерии гимназия 200 компютер дошта, барои хуб омӯхтани таҷҳизоти мазкур қисмҳои иловагӣ ва тахтаҳои электронӣ насб карда шудааст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ба хотири омӯзиши касбу ҳунар, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат оид ба коркарди чӯб ва металл ташкил гардида, ҳамчунин духтарон дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз нозукиҳои дӯзандагӣ ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Айни замон дар таълимгоҳ фаъолияти маҳфилҳои драмавӣ, хореографӣ, омодасозии либосҳои замонавӣ, санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ низ роҳандозӣ гардидааст. Гимназия ҳамчунин дорои синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ, як толори калони маҷлисӣ бо 460 ҷой, як толори хурди маҷлисӣ ва ошхона бо 590 нишастгоҳ мебошад.
Баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, як толори калони варзишӣ, ду толори гимнастикӣ барои писарон ва духтарон бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди муассиса ҳамчунин се майдонча барои бозиҳои гуногуни варзишӣ ташкил гардида, имконият медиҳад, ки дар ин ҷо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шавад.
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии мазкур туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наврасон ба ҳисоб рафта, аз рушди тадриҷии соҳаи маориф дар пойтахт башорат медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар пойтахт бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба он боис гардид, ки марҳила ба марҳила масъалаи таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст ҳал гардида, талаботи афзояндаи аҳолӣ қонеъ карда шавад. Дар ин баробар, шарту шароит ва имкониятҳои таҳсил низ дар шаҳри Душанбе