Имрӯз 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо 500 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои интернатии шаҳри Душанбе суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Бинои хобгоҳ барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.
Иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Иншоот ҳамзамон дорои лифти замонавӣ аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаминҷо ба муносибати оғози Соли нави хониш ба ҳар як тарбиятгиранда сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо тақдим карда, онҳоро ба таҳсили хубу интизоми намунавӣ роҳнамоӣ карданд.
Ин муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 459 хонанда ба таҳсили ҳамаҷониба фаро гирифта шудааст, ки 41 нафари он ятими кулл мебошад.
Дар Мактаб-интернат 74 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олии касбӣ кору фаъолият менамоянд.
Фарзона Восеева