Зимни сафари кории хеш ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат дар моҳи июни соли ҷорӣ ба масъулон супориш дод, ки манзилҳои зисти сокинон, ки бар асари офати табиӣ зарар дида буданд, пурра барқарор ва бо ашёҳои рӯзгор таъмин карда шаванд.
Райёсати молияи вилояти Хатлон, ки манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Даминзода Зафархон Қарахоновро ба уҳда дошт, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохта ба истифода доданд. Барои корҳои босифату саривақтӣ ба сардори раёсати молияи вилояти Хатлон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сипоснома супорида шуд.
Дар ҳамин рӯз аз ҷониби ин мақомот дар ноҳияи Мир саид Алии Ҳамадонӣ хонаи истиқоматии Роҳатбӣ Темурова ва аз ҷониби раиси Бонки Милии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода хонаи истиқоматии Абуғаффор Тиллоев бо сифати баланд ва тамоми ҷиҳози рӯзгор мавриди истифода қарор дода шудаанд. Роҳбарияти вилоят ва раиси шаҳри Кӯлоб калидҳои хонаҳои истиқоматиро ба соҳибонашон супурда, ба муттасадиён ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро тақдим карданд.
Бино бар иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ дар дигар манзилҳои истиқоматӣ бомаром идома дорад ва то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 43 манзили истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.