Бо фаро расидани соли нави хониш њамасола дар шањру ноњияњои љумњурї ва љамоатхои дењот ярмарка (нуќтањо) - и фуруши сару либоси мактабї ва ашёи хониш кушода мешавад. Ин тасмим албатта барои осон намудани мушкилоти волидайн гирифта шудааст, ки ваќти худро зоеъ накарда, аз њамин нуќтањои мавсимии савдо истифода баранд.
Аммо то кунун нафароне њастанд, ки фарзандони худро аз дењот ба шањр, амсоли Бозори Корвону дигар фурушгоњњо оварда харид мекунанд, то ки барои худ фоида ба даст оранд. Бо чанд нафар волидайне, ки дар њамин мавзуъ суњбат доштем фикру аќидањои гуногун доштанд. Аксарият аз дењот ба шањр омаданашонро баръакс харољоти зиёдатї хонданд. Онњо аввалан овораю саргардонхои худро дар ин фасли гармо ва афзоишу сироятёбии бемории њамагир, сипас нархњои миёни бозору ярмаркахои мактабии дар мањал монандбударо баён доштанд.
Воќеан, таъсиси нуќтањои мавсимии сару либоси мактабї, ки аз љониби маќомоти мањаллї рўи даст гирифта шудааст, танњо ба хотири дастгирии мактабиён ва волидайни онњост. Дар баробари ин баъзе аз муассисањои таълимї сару либоси мактабиро ба корхонањои дўзандагї фармоиш дода, дар ваќти муайян шуда бо теъдоди лозима толибилмонро ба сару либос таъмин карда истодаанд.
Роњбари дастгоњи раиси ноњияи Носири Хисрав Абдурањмон Каримзода дар суњбат гуфт, ки аллакай беш аз шаст фоизи мактабиён сару либоси худро дур нарафта аз мањали зисташон харидаанд. Ярмаркањои мактабї дар ноњия фаъол буда, њамчунин сехњои дўзандагї дар хизмати омўзгорону шогирдони мактабњо ќарор доранд.