18 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида, магистри бахши якуми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Нуринисо Исрипшоева сазовори диплом ва Шоҳҷоиза ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ аз номинаи сарояндагии жанри анъанавӣ дониста шуд.
Инчунин, ғолибони 3 номина — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ бо маблағи аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 9 то 12 август бо иштироки 167 нафар доир гардид.
Дар даври шаҳрии озмун як гурӯҳ омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмун сазовори ҷойҳои якум, дуввум ва сеюм гардиданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо 5 ҳазор сомонӣ ва Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» барномаи ҳунарӣ пешниҳод гардид.