Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 11 август 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 130 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
Танҳо давоми як рӯз, яъне 11 август дар мамлакат 60 ҳазору 823 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус идома дорад.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои дӯсту бародар ба ҷумҳурӣ 4 миллион воя аз навъи ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак” ва “Модерна” ворид гардидааст.