Фестивали футбол байни ҷавондухтарони аз 6 то 12 сола, ки бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии Ассосиатсияи Футбол ва Федератсияи Футболи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон оғз гардид.
Тавре Абдулло Соқиев, директории лигаи футболи бонувони ФФТ зимни маросими кушодашавии Фестивал иброз дошт, ин гуна чорабинӣ дар кишваримо бори аввал баргузор гардид. Мақсад аз он ҷалби бештари духтарон ба ин риштаи варзиш буда, бо ин васила дарёфти истеъдодҳои наврас ва ҷалбу тарбияи ояндаи онҳо барои дастаҳои футболи бонувони кишвар мебошад.
Дар рӯзи аввавли Фестивали духтарони футболбоз зиёда аз 150 нафар интирокчиён аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва ноҳияи дурдасти Носири Хусрав иштирок намуданд.
Тибқи иттилои масъулони ФФТ рӯзи дуввуми Фестивал дар шаҳри Бохтар ва минбаъд ин чорабинии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон гузаронида мешавад. Фестивали духтарони футболбоз дар кишварамон тӯли ду моҳ дар саросари мамлакат аз ҷумла, вилоятҳои Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт. Дар ин фестивал зиёда аз 5000 духтарон иштирок хоҳанд кард.
Баргузории фестивал миёни духтарони аз 6 то 12 сола барои рушди минбаъдаи футбол миёни ҷавондухтарон заминаи боэътимод хохад гузошт.