Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 28-и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раъно Насриддинова бе озмун, ройгон ва бо тавсияномаи Вазири маориф ва илми мамлакат ба шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Чуноне, ки дар низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омадааст, ғолибони даври чорум - ҷойҳои 1, 2, 3 ва барандаи шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ бо ихтисоси интихобкардаашон бе озмун ва ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат қабул карда мешаванд.
Чунин имтиёзҳо дар Низомномаи имсола бештар гардидаанд. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар ташкилот ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.
Ҳамчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд.