Бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои рушди деҳот, соҳаҳои ҳунармандӣ ва сайёҳӣ Вазорати молия ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявиро ба роҳ монда, созишномаҳои қарзию грантиро ба имзо расонидааст. Бино ба гуфтаи вазири молияи кишвар, Файзиддин Қаҳорзода дар соли ҷорӣ амалӣ гардидани ду лоиҳа дар ин самт ба роҳ монда шудааст, ки яке ба маблағи 30 ва дигаре 58 миллион доллари америкоӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
- Яке аз ин лоиҳаҳо доираи 30 миллион доллари америкоиро фаро мегирад. Қисмати асосии маблағи он ба самти рушди сайёҳӣ равона шуда, паҳлӯи дигар лоиҳаҳои худмаблағгузорӣ мебошад. Яъне, дасгирии он нафароне, ки имкони то 50-60 дарсад маблағгузорӣ намудани тиҷорати худро доранд, боқимонда маблағ аз ҷониби тарҳи мазкур амалӣ мегардад, - иброз дошт вазир.
Лоиҳаи дуввум, ки 58 миллион доллари америкоӣ арзёбӣ мегардад, ба самти рушди деҳоти ВМКБ ва вилояти Хатлон, ки аз рӯи тарҳи «Роҳи абрешим» амалӣ мегардад, нигаронида шудааст. Қисмати зиёди он барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, густариши соҳаи кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона гардидааст. Дар баробари созишномаҳои грантӣ, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ дар ин самт ҳамасола наздики 2 миллион сомонӣ ихтисос дода мешавад.