Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангу фароғатии «Куруши Кабир»-и пойтахт шурӯъ аз 2 август ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид, ки то 31 август идома меёбад. Дар ярмарка беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои муайяни сару либос ва лавозимоти мактабиро пешниҳод менамоянд.
Ярмаркаи либосҳои мактабӣ дар ин макон ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 амал мекунад. Чунин ярмаркаҳо дар чор ноҳияи пойтахт низ ташкил гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамоянд. Дар ярмаркаҳои доимамалкунанда корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон баробари либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёи заруриро пешниҳод менамоянд.