То 10 август дар қаламрави кишвар таҳти шиори «Ҳимояи шири модар -масъулияти ҳар фард» ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон идома меёбад. Ҳадафи ин иқдом баланд бардоштани малакаю дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон, зиёд намудани дониши падару модарон, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар ва тарзи дурусти синамаконӣ гузаронида мешавад.
Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ доир мегардад. Дар Тоҷикистон иқдоми мазкур аз соли 2001 ҷорӣ шудааст.