30 июли сори ҷорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро мавриди истифода қарор доданд.
Дармонгоҳ аз 16 утоқи кории духтурони дандон иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад. Масоҳати умумии он 370 метри мураббаъ буда, 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Гуфта мешавад, ки дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд қаблан дар бинои номувофиқе ҷойгир буд. Бо сабаби номуносиб будани шароити корӣ, қабули беморон маҳдуд ва раванди муолиҷаи онҳо тӯл мекашид. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави дармонгоҳ шароити кори духтурони дандон беҳтар ва сифати хизматрасонӣ баланд бардошта мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дастур доданд, ки дар баробари бунёди иншооти соҳа ба масъалаи ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии табибон ва истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи тандурустӣ диққати хоса дода шавад.