Шумори беморони COVID-19 дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, аллакай ҳолатҳои беморӣ байни кӯдакони хурдсол ба қайд гирифта шудааст. Табибон аз эҳтимол дур намедонанд, ки сабаби ин пайдо шудани штамми хатарноки ҳиндии коронавирус дар кишвар бошад.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, штамми “делта” дар кишвар вуҷуд надорад.
“Ҳисоботи озмоишгоҳҳо дар бораи натиҷаҳои ташхиси аҳолӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод гардида, штамми ҳиндӣ ошкор нашудааст”, - хабар доданд аз Вазорат.