Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо қарори Шӯрои олимони донишкада моҳи майи соли ҷорӣ кафедраи «Технологияи ВАО» бо ихтисосҳои «ВЕБ-журналистика», «РR - робита бо ҷомеа» ва «Кинотелеоператор» таъсис ёфт.
Кафедра аз моҳи августи имсол ба фаъолият пардохта, ба кор устодони ҳирфаии соҳа ҷалб хоҳанд шуд. Чунин иттилоъ дод ректори донишкадаи мазкур Муҳриддин Низомӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 22 июл доир гардид.
Ҳоло донишкада бо 28 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ монда, 87 нафар донишҷӯ аз хориҷи мамлакат дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил дар донишкада фаро гирифта шудаанд.