Санаи 23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Токиои Япония бидуни тамошогарон баргузор мегардад. Ин маросим соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад ва он мустақиман аз шабакаи Телевизиони «Варзиш»-и кишвар манзури бинандагон мегардад. Ин маросим такроран соати 21:00-и ҳамон рӯз намоиш дода мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Нахуст дастаи мунтахаби Юнон ва дар интиҳо ҳайати мунтахаби Япония ба майдон ворид мешаванд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон шоми 21-уми июл ба Токио расид. Аъзои ҳайатро масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар деҳаи олимпӣ ҷой доданд.