Марям Исоеваи 84-сола, ҳунарпешаи маъруфи театру синамо, ки дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии Душанбе аз коронавирус табобат мегирифт, куллан шифо ёфтааст.
Бино ба иттилои саҳифаи фейсбукии беморхонаи мазкур ин ҳунарпешаи маъруф таҳти назорати махсуси профессор Э. Раҳмонов ва сартабиби беморхона Х. Ҳабибзода буда, рӯзи 19-уми июл пас аз сиҳатёбӣ аз беморхона рухсат шудааст.
Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон соли 1937 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Солҳои 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскии Маскавро хатм карда, аз соли 1961 то имрӯз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият дорад.
Ин бонуи ҳунар дар даҳҳо филму намоишҳои театрӣ нақшҳои марказиро офарида, аз шумори маъруфтарин чеҳраҳои санъати тоҷик аст.