Дар нимсолаи аввали соли 2021 дар шуъбаҳои САҲШ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1510 ҳолати бекоркунии ақди никоҳи шаҳрвандон сабт карда шудааст, ки ин нишондод дар қиёс ба шаш моҳи аввали соли гузашта 280 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора, зимни нишасти матбуотӣ Зиннатгул Сафарзода, Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Дар натиҷаи азҳампошхӯрии 1510 оилаҳо 1532 нафар кӯдакон яккаятим гардида, дар тарбияи яке аз волидон мондаанд. Аз ҷумла, 1461 кӯдак дар тарбияи модар ва тарбияву нигоҳубини 71 нафар кӯдаконро падарони онҳо ба уҳда гирифтаанд.
Ба гуфтаи Зиннатгул Сафарзода, дар ин давра аз ҷониби кормандони САҲШ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 11 ҳазору 796 ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки аз ин омор дар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 -ум 159 ҳолат кам мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи САҲШ ин надоштани бойгонии соҳавӣ мебошад. Айни замон, бинобар надоштани бино ва шароити мусоид баҳри нигоҳдории ҳуҷҷатҳои соҳа, бойгонии Раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад. Бинобар ин, шаҳрвандон дар ҳолати зарурат пайдо кардан ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ роҳи дурро тай намуда, ба пойтахти кишвар мераванд. Ба гуфтаи Зиннатгул Сафарзода, барои ба маркази вилояти Хатлон бозовардани бойгонӣ зарурат ба фароҳам овардани бинои замонавӣ ва маблаггузории иловагӣ баҳри нигоҳубини ин санадҳо пеш меояд.