Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки вобаста ба имкониятҳои воқеии буҷет маблағгузории музди меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар мадди аввал гузоранд.
Ба гуфтаи мавсуф давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 89% ё худ 906,5 миллион сомонии маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ 300,5 млн. сомонӣ (100%) ва аз буҷети вилоятӣ 64,0 млн. сомонӣ (100% ) маблағҳои мақсаднок ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида ҷудо гардидааст.
Илова бар ин, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои фарқияти маблағи андози ягонаи замин ба маблағи 8,1 млн. сомонӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷудо карда шуд.
Дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 688,9 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 744,6 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 55,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Бахтиёр Назарзода, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири молияи кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар се соли охир миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар мақоми аввали ифтихорӣ қарор дорад.