Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ихтисоси журналист – омӯзгорро дар ояндаи наздик таъсис доданиянд. Дар ин радиф, таъсиси «ТВ Донишгоҳи омӯзгорӣ» низ дар заминаи донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора санаи 12 июли соли ҷорӣ ректори донишгоҳ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки дар донишгоҳ 20 нафар маъюбон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ки аз ин 8 нафар маъюби гурӯҳи дуюм ва 12 нафар маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд. Барои онҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдоранд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 90-солагии донишгоҳ таҷлил мегардад ва ба ин муносибат аз ҷониби Раёсати донишгоҳ «Энсеклопедияи Донишгоҳ» ва китоби «Омӯзгор чароғи рӯзгор» чоп хоҳанд омад.