Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва лоиҳаи «Модари солим - кӯдаки солим» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озмуни «Момодояи беҳтарин» баргузор шуд, ки дар он ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи аввал гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Довталабони ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷайҳун ҷойи дуввум ва Кӯшониёну А.Ҷомӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд. Озмуни «Момодояи беҳтарин» миёни 12 ноҳияи вилояти Хатлон: Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, А. Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Леваканд, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва Ёвон доир шуд. Мақсад аз он баланд бардоштани донишу малакаи момодояҳо, расонидани кумаки саривақтӣ ба занҳои ҳомила, кӯдакони навзод ва дар умум баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Лоиҳаи USAID «Модари солим- кӯдаки солим» дастгирии техникиро ҷиҳати таҳкими тамоми сатҳҳои системаи тандурустии Тоҷикистон таъмин менамояд ва барои таъсир расонидан ба меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафтор дар самти қабули ғизо ва ҳифзи саломатии модарону кӯдакон барои мусоидат ба қабули тарзи ҳаёти солим кумак мерасонад.