29-уми июн намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо сафари омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бо ибтикор ва пешбурди Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ин сафар баҳри барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дар минтақа, омӯзиши таҷрибаи ҳамсояҳо ва роҳандозии ҳамкорӣ нигаронда шудааст (GTEX) .
Ҳайати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 17 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, ду иттиҳодияи тиҷоратӣ ва як вазорати соҳавӣ иборат аст.
Ҳадаф аз ин сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ бо соҳаи нассоҷӣ дар вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷон мебошад. Интизор меравад, ки намояндагони ширкатҳои нассоҷии тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбекашон робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор намуда, бозори ашёи хому фазои фурӯшгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳаро меомӯзанд. Онҳо ҳамчунин, доир ба масъалаҳо ва сиёсатгузориҳои соҳавӣ дар Ӯзбекистон, ба мисли молиёт ва андоз, тартиби содироту воридот, дастрасӣ ба маблағгузорӣ, ва пуштибонии давлат аз соҳа маълумот мегиранд. Вохӯриҳо бо иттиҳодияҳо ва донишгоҳҳои соҳавӣ барои эҷоди ҳамкорӣ дар оянда замина фароҳам хоҳад овард.