Раҳбари нави Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Ишӣ таъйин шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Намояндаи БАТР шурӯъ аз 1 сентябри соли 2021 ба иҷрои вазифаҳои хеш мепардозад. Рика Иши дар ин вазифа Айтен Рустамоваро иваз кард, ки сардори минтақавии БАТР дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон таъйин шудааст.
БАТР солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол буда, ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо барои намояндагони бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва модернизатсияи инфрасохтори коммуналӣ мусоидат мекунад.