Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар китоби “Тоҷикон” ба шаҳри бостонии Кӯлоб низ ворид гардид.
Китоби мазкурро комиссияи босалоҳият қабул ва рақамгузорӣ намуда,бо тартиби муайян ба оилаҳои шаҳр дастрас гардонданд. Сокинони шаҳри Кӯлоб ин иқдоми некро бо хушнудӣ ва сарафрозӣ пазироӣ карданд.
Китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шиносномаи миллати тоҷик арзёбӣ шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри худшиносии миллӣ ва огаҳӣ ёфтан аз таъриху фарҳанги пурғановати ниёгон ҳамчун армуғон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ тақдим карда мешавад.