Дирўз дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ва иштироки зиёда аз 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид.
Сатҳи баланди байналмилалии баргузории ин чорабинӣ, инчунин муоширати мустақими кӯдакон бо ҳамдигар нишон медиҳанд, ки халқҳои кишварҳои СҲШ дар мисоли худ ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро байни худ нишон медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои башардӯстӣ, инчунин ҳамкории дар асоси эҳтироми мутақобила ва риояи манфиатҳои кишварҳои СҲШ бунёдшударо тарғиб кунанд.
Натиҷаи озмун 25 июни соли равон дар муассисаи мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.