Аз 25 то 27 июни соли равон дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ифтитоҳи расмии ин ҷашнвора дар Театри давлати драмавии ба номи Садриддин Айнӣ доир мешавад.
Дар доираи баргузории ин рӯзҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши Осорхонаи давлатии таърихию меъмории Вологодаи Федератсияи Россияро таҳти унвони «Вологодская кружево» ташкил менамояд.
Тибқи барнома, сафари иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ба шаҳри Норак, НБО-и «Норак», ноҳияи Варзобу Данғара дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони рус пешбинӣ шудааст. Меҳмонон ҳамчунин аз «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт боздид хоҳанд намуд.