24 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.
Дар суњбати телефони корманди Маркази саломатии № 14 –и шањри Душанбе Толиб Солиев гуфт, ки ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID - 19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон танҳо бо гирифтани ваксина ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID - 19 эмин нигоҳ дорад. Инчунин, мавсуф гуфт, ки наздикон ва хонаводаатонро огањ созед, то ба марказњои саломатї рафта, эмгузаронї намоянд.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ , соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60 - сола боло 23 марти соли равон ва марҳилаи дуюми он 25 май оғоз гардид.