10.06.2021 Дар Душанбе Форуми сеюми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар Форум намояндагони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва меҳмонони даъватшуда аз ҳисоби ходимони сиёсӣ , намояндагони доираҳои соҳибкорӣ , ҷ омеаи шаҳрвандӣ ва соҳаи илм ширкат варзиданд.
Дар доираи Форум ҷ аласаи пленарӣ дар мавзўи “Ниҳодҳо оид ба таќвияти наќши занон дар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай” ва чор ҷ аласаи панелӣ : “Такмили ҳамкорӣ дар масъалаҳои гендерӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай”, “Таќвияти салоҳияти занон дар рушди соҳибкорӣ ”, “Натиҷ аҳои фаъолият оид ба мубориза бо ҳама гуна зўроварӣ нисбати занон ва духтарон дар оила ва ҷ омеа, табодули таҷ рибаҳо дар ин самт, инчунин муайян намудани афзалиятҳои минбаъда” ва “Муттаҳидсозии неруҳои занон дар ҷ авоб ба чолишҳои ҷ аҳонӣ ва минтаќавӣ ” баргузор гардиданд.