Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни рӯзи 11 июн консерти ҳунармнадони Ӯзбекистон доир мегардад.
Шоми таронаву мусиқӣ бо иштироки Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Муноҷот Юлчиева, Рамз Усмонов, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон”, “Тошканд зеболари”, Оғобек Зокиров ва дигар овозхонҳо соати 18:00 оғоз мегардад.
Билетҳоро ба консерт то ҳол метавон дар хазинаҳои театр ва ё тариқи низоми echipta.tj дастрас намуд. Билет дар балконҳои театр 80 сомонӣ нарх доранд.
Ёдрас мекунем, ки бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд. Ҳайати ходимони фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон дар меҳмонхонаи “Хилтон” иқомат дошта, аллакай ҳамроҳи ҳамтоҳои тоҷики худ ба корҳои омодагии консерти “Шоми Дӯстӣ” пардохтаанд.