Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат имрӯз дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонондухтарон- омили рушди суботи ҷомеа» ҳамоиш доир шуд. То имрӯз баргузории чунин ҳамоишҳо дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ роҳандозӣ ва доираи васеи занону бонувони касбу кори гуногун дар он ҷалб карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур, пеш аз ҳама пешгирии занону ҷавондутарон аз хурофот ва бегонапарастӣ, садди роҳ шудан ба исрофкорӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ мебошад.