Бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд. Онҳо дар консерти “Шоми дӯстӣ”, ки рӯзи 10 июн дар маҷмааи “Кохи Борбад” бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев доир мегардад, иштирок мекунанд.
Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин консерт ҳудуди 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён ширкат меварзанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки Ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров ва Озодбек Назарбеков низ ба ҳайати ҳунармандони кишвари ҳамсоя шомиланд, лекин дирӯз байни ҳунармандони ба Душанбе омада онҳо ҳузур надоштанд.
- “Онҳо пагоҳ, субҳи 9 июн ба Душанбе меоянд”, - хабар дод манбаъ.