Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 4-уми июни соли ҷорӣ даври шаҳрии Фестивали «Атласу адрас» дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» доир гардид.
Дар Фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони мақомоти шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт ширкат варзиданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивал аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплом, сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонда шуданд.