Соли гузашта нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии он бар дӯши мақомоти андоз вогузор шудааст, ба андозаи 100,6 фисад таъмин гардида, ба буҷет 10 млрд. 523,3 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд. Ин нуктаро Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. Ҳамчунин, мавсуф иқрор дошт, ки дар ин давра ду намуди андоз, аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда ва андози даромад аз шахсони воқеӣ бо иллати афзоиш наёфтани манбаъҳои андозбандӣ иҷро нашуданд.
- Дар аксар маврид андозсупорандагон аз зиёд будани андозбандӣ дар ҷумҳурӣ ба мақомоти андоз арз пеш меоранд. Бояд гуфт, ки агар меъёрҳои андозбандии баъзе аз намудҳои андоз зиёд бошад ҳам, вале ғайр аз тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андозу гумрук воридшуда ва ҷиҳати дастгирию рушди соҳибкорӣ имтиёзҳои иловагии дигар дар мавриди пардохти андозҳо роҳандозӣ шудааст. Мутаассифона, бархе аз андозсупорандагон аз имтиёзҳои худ истифода бурда наметавонанд, ки боиси норозигиашон дар ин самт мегардад, - таъкид кард, Н.Давлатзода.