Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист санаи 5 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Он таҳти шиори "Велосипед тарафдори табиат" доир гашта, ишора ба муҳиммияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Иштирокчиёни марафони велосипедронӣ аз соати 8:00 субҳ (бақайдгирӣ соати 07:00) аз Наврӯзгоҳи пойтахт ҳаракатро оғоз намуда, то роҳи ҳалқавии Товус (роҳи бетонӣ) ҳаракат карда, баргашта ба Наврӯзгоҳ ба марра (финиш) мерасанд.
Дар озмун чанд номинатсия, аз ҷумла велосипедронҳои касбӣ, ҳавасмандон, паралимпиадачиён ва наврасон пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи ғолибони мусобиқаро мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ (сертификати харид) интизоранд.