Бахшида ба «Рўзи байналмилалии муњофизати кўдакон» дар Боѓи марказии фарњангу фароѓатии ба номи Мир Сайид Алии Њамадонии шањри Кўлоб чорабинии бошукўње баргузор карда шуд. Дар оғози чорабинӣ маҳсули эҷоди кўдакон, ки аз расмҳои табиату манзараҳои дилфиреби ватани азизамон иборат буданд, ба намоиш гузошта шуд.
Њамзамон барои дарёфти истеъдодҳои беҳтарин озмунҳои рассомӣ, ќироати шеър, раќс ва суруд эълон гардид.
Дар ни радиф, як ќатор кормандони муассиссањои тањсилоти томактабии шањр љињати сањм гузоштан дар њаёти кўдакон ва тарбияи онњо бо сипосномаи маќомоти иљрояи њокимияти давлатии шањри Кўлоб ќадр карда шуданд.
Дар анљоми чорабинї бањри болидахотирии иштирокчиён њаваскорони мактаби мусиќии бачагонаи шањр дастагули суруду таронањои зебои хешро пешнињоди иштирокчиён гардонданд.
Ҷашни мазкур бо сайругашт ва як силсила чорабинињои фарњангию варзишї идома ёфт.