Ҳунарпешаи боистеъдоди тоҷик Рафоат Шоазимова бо нақшофарӣ дар филми “Провенциальные мечтатели” (Хаёлпарастҳои музофотӣ) дар ҷашнвораи Итолиё беҳтарин шуд. Тавре худи ҳунарпеша гуфтааст,пирӯзӣ дар ҷашнвораи бузурги байналмилалии Asti Film Festival дар шаҳри Asti барои ӯ “хурсандии ғайричашмдошт” буд.
Коргардони филм, бародари ҳунарпеша – Румӣ Шоазимов дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук низ ин хушхабарро шарҳ додааст. “Мо бениҳоят хурсанд ва хушҳолем! Ташаккури зиёд ба директори кинофестивал Риккардо Коста ва ба ҳамаи ташкилкунандагони ҷашнвораи Asti”, – навиштааст Шоазимов.
Филми бадеии “Хаёлпарастони музофотӣ” соли 2020 дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шудааст. Пештар ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Падарон ва фарзандон” се ҷоиза ба даст оварда буд.