Ҳамасола дар ҷаҳон 1-уми июнро Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн мегиранд. Соли 1949 дар Париж конгресси занона баргузор гардид, ки дар он савганди муборизаи беамон барои пойдории сулҳ ҳамчун кафолати хушбахтии кӯдакон садо дод. СММ ин ташаббусро дастгирї намуда, ҳифзи ҳуќуќ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои фаъолияти худ ќарор дод.
Аввалин маротиба 1-уми июни соли 1950 Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир гардид, ки алҳол зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Дар Тоҷикистон низ имрӯзро бо шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Дар мактабҳо чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ ва дар боѓҳои фарҳангиву фароғатӣ гаштугузори идона доир мегардад.
Дар як қатор кишварҳо озмуни расмкашӣ дар рӯи мумфарш, бозиҳои варзишӣ ва консерту раќси кӯдакон баргузор карда мешавад.
Дар Ҷопон Рӯзи кӯдаконро се маротиба ҷашн мегиранд: 3-юми март иди духтарон аст, ки он махсус барои духтарони хурдсол бахшида мешавад ва волидон дар хона намоиши лӯхтакҳои зеборо ба роҳ мемонанд, ки туҳфаи арзанда барои духтарони хеш ҳисобида мешавад. 5-уми май иди писарон ва 15-уми ноябр рӯзи кӯдакони 3, 5, 7-сола аст. Мувофиќи аќидаи ҷопониҳо ин солҳои хушбахтии кӯдакон маҳсуб меёбад.
Дар Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз аз соли 1920 ин рӯзро ќайд мекарданд ва баъдан 5-май ба Рӯзи кӯдакон табдил ёфт.
Дар Колумбия 4-уми июн рӯзи кӯдакон аст, ки онҳо ба рӯй ниќобҳои гуногун кашида, ба кӯчаҳои шаҳр мерезанд.
Дар Бразилия 15-уми август Рӯзи кӯдакон аст. Дар ин рӯз шурӯъ аз кӯдакони навзод то панҷсола аз муоинаи духтурон гузаронда мешаванд, ки маънии «саломатии кӯдакон - арзиш беҳтарин аст»-ро дорад.