27 майи соли ҷорӣ дар даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс муҳорибаи бонувон доир гардид, ки дар ин давр ду варзишгари тоҷик – Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова сабқат варзида, аз ҳарифони хеш шикаст хӯрданд.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг аз намояндаи Ӯзбекистон Ситора Турдибекова бо ҳисоби 0:5, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60 кг аз варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуданд.
Миҷгона ва Шоира бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.
Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз гардида, то 31 май идома меёбад.