Як ширкати нассоҷиву дӯзандагӣ ва ду ширкати консалтингӣ аз Тоҷикистон – «Гулдастон», «Гулистони Душанбе», «KOTA Глобал», «Лидер», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид», «Oртекс», «Раҳимов А.А.», СИ «Раҳматов», «ToҷТекс», «Ваҳдат Текстил», «ACT Development» ва «Business Consulting Group» кишвари моро дар намоишгоҳи сеюми байналмилалии «UzTextile Expo», ки дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ гардид, намояндагӣ менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоишгоҳи сеюми байналмилалии «UzTextile Expo» дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои ҷаҳонии нассоҷӣ созмон дода шуда, то 29 май идома меёбад.
Намоишгоҳ барои дарёфти шарикон дар Ӯзбекистон - бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор мусоидат менамояд. Иштироки роҳбарону намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои рақобатпазирӣ дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имконияти фаровон фароҳам меорад.