Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27-уми соли ҷорӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои мубрами илмӣ дар асарҳои занон - олимони ҷумҳурӣ» Конфронси илмӣ — назариявии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар ин радиф, дар доираи конфронси мазкур таҳти унвони «Дастовардҳои илмии занон - олимони тоҷик дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова мусаввараҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод гардиданд, ки фаъолияти сермаҳсули бонувони соҳаи илми тоҷик ва саҳми боризи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни кишвар ва дар арсаи илми ватаниву умумибашарӣ нишон медиҳанд.
Намоиши «Дастовардҳои илмии занон - олимони тоҷик дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то санаи 1-уми июн идома хоҳад ёфт.