Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2021 тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 майи соли 2021 ба имзо расид.
Ба гуфтаи манбаъ тибқи қарори мазкур истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронда мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини Раиси шаҳр- сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо вазифадор намудаанд, ки дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, то 20 майи соли 2021 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода созанд.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.
Инчунин бо ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намоянд.
Ҳамзамон, тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.