Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон ва 30 соли истиқлол» озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон менамояд.
Озмуни мазкур дар ду давр баргузор шуда, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад, - иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мақолаҳои пешниҳодшуда мавзӯъҳои дастоварди ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои тундрав, гаравидан ба фарҳанги миллатҳои ғайр ва тақлиди бемаврид ба либосҳои бегонаро бояд фаро гиранд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои кумита сарфароз гардонида мешаванд.
Довталабон метавонанд шакли чопӣ ва электронии мақолаҳои худро то 20 июни соли 2021, соати 17:00 ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Спортивная 6, утоқи 21 ё ба нишони электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. " равон намоянд.