То анҷоми соли хониши 2020-2021 рӯзҳои башумор боқӣ монда, соли равон барои муташаккилона гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тақрибан 2571 истироҳатгоҳ пешбинӣ шудааст. Дар мавсими имсола дар лагерҳои алоҳида то 3 баст истироҳати кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, иттифоқҳои касаба, корхонаву муассисаҳо, ташкилоти сарпарастон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иброз доштанд, ҳар сол дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.
- “Соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти коронавируси КОВИД-19 дар ҷумҳурӣ ин гуна истироҳат мавқуф гузошта шуд. Бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таҳти назорати қатъии санитарию эпидемиологӣ қарор доштани ҳудуди санитарии кишвар аз воридот ва эҳтимолияти пайдошавии ҳодисаҳои нави сироят, дар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба, инчунин вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” аз 27 марти соли 2021 бо назардошти дар истироҳатгоҳҳо пешбинӣ намудани таъмини талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, мавҷуд будани нуқтаи тиббӣ, аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои истироҳатӣ гирифтани хулосаи зарурии мусбати мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҳудуди маъмур