Гулсумбӣ Шарифова, варзишгари шинохтаи тоҷик аз намуди варзиши сабук дар мусобиқаи байналмилалии бахшида ба мураббии шоистаи Ӯзбекистон Геннадий Арзуманов дар ин кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар масофаи 100 ва 200 метр ду медали тиллоро ба даст овард.
Пойгаи дуввум бо натиҷаи 22,72 сония ба ӯ на танҳо медали дараҷаи олӣ, балки меъёри муайянкардаи Варзиши сабуки ҷаҳониро дар масофаи 200 метр овард. Дар сурати тасдиқи он аз ҷониби Федератсияи варзиши сабуки ҷаҳонӣ ӯ роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меорад.