Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба оилае, ки чанде пеш дар он панҷгоникҳо таваллуд шуданд, бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор кумак кард, хабар дод раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода.
Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент маоши моҳонаи Озода Раҳмонро ба ин оила супурда, инчунин хонаи наверо, ки ҳукумати ноҳия барои онҳо сохт, аз назар гузарониданд, - гуфт ӯ. - Онҳо ин оиларо бо кондитсионер, яхдон, катҳо барои кӯдакон ва ба сурати умум, бо ҳамаи чизҳои зарурии рӯзгор барои оила таъмин намуданд”.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли 2020 дар оилаи сокини 30-солаи деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён панҷгоникҳо ба дунё омаданд. Онҳоро Ҳасану Ҳусейн, Фотимаву Зуҳро ва Хадича ном гузоштанд.
Пас аз таваллуди тифлон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати ин оила рафта, бо шароити зиндагиашон шинос шуд ва ба раҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои онҳо хонаи нав созанд. Айни замон бошад, сохтмони хонаи нав қариб ба охир расида истодааст.