Бренди Tajikistan Fashion Week ва ZHIWJ Тољикистонро дар намоиши байналмиллалӣ муаррифӣ мекунад.
Fashion-бренди миллӣ Tajikistan Fashion Week ва ZHIWJ Тољикистонро дар арт - выставкаи байналмиллалӣ "ART meets FASHION" Pop Up Days аз 20 то 23 май дар бутик-ҳотели "Индиго" дар маркази шаҳри Дубай ба намоиш гузошта мешавад.
Tajikistan Fashion Week ва ZHIWJ аввалин бор дар ин намоиш иштирок хоҳанд кард. Ин љо ҳамчунин маҳсулоти брендии дигар давлатҳои ИЉШ, амсоли: Kazakhstan Fashion Week, Azerbaijan Fashion Week, ва Oriental Fashion Show пешкаши муштариён мегардад.
Ин маросими серўзаи поп-ап тамоми дизайнерону рассомони машҳурро чун Datuna, Динару Сатжан, Temo Cherie, Georges, Salle de Mode, Аиду Кауменову, Adili, Татьяну Фокину, Эльмиру Батырову, Нафису Имранову, Atelier L'Artisan ба ҳам хоҳад овард.
Махсус барои ин намоиш Нафиса Имранова коллексияи нави тобистонаро, ки аз куртаҳои дароз, љомаву дигар афсори миллӣ иборат аст таҳия намуд. Сару либоси мазкур аз матоҳои табии бо истифода аз наќшу нигори миллӣ омода шудаанд.
Бояд ќайд намуд, ки ин намоиши аввалини байналмиллалии бренди ZHIWJ нест. Моҳи январи соли гузашта бренди мазкур Тољикистонро дар Лувр дар Oriental Fashion Show Paris муаррифӣ намуда буд.