20-маи соли 1941 — Лоиқ Шералӣ, шоири халқ ии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Бахшида ба 80-умин солгарди зодрўзи ин шоири ширинкалом дар шаҳри Панҷакент бо ҳузури адибону фарҳангиён маросими бошукўҳ таҷлил шуд. Оѓоз меҳмононро муовини расиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқ зода пазироӣ карданд.
Дар ин маросим раиси Иттифоқ и нависандагони Тољикистон Низом Қ осим , академик Акбари Турсон, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоирону фарҳангиён Аскар Ҳаким, Ҳақ назар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Хайрандеш, Озарахш, Афзалшоҳ Шодӣ, Аъзами Хуҷаста, Адибаи Хуҷандӣ, наздикони шоир ва гурўҳи меҳмонон аз Самарқ анд инчунин бошандагони шаҳри Панҷакент иштирок доштанд.
Меҳмонон ба зодгоҳи Лоиқ деҳаи Мазори Шариф рафта, аз намоиши ҳунарҳои дастии мардуми он ҷо баҳраманд гаштанд. Дар ин сафар аз хонамузейи Лоиқ Шералиро низ боздид анљом доданд.
Баъдан дар Кохи Лоиқ и шаҳр тантанаҳои асосии ҷашн сурат гирифт, ки ибтидо намоиш ва фурӯши китобҳоро нашриёти "Адиб" баргузор кард. Ҳамчунин дар кох конфонси илмиву адабӣ ва маҳфили шеъру таронахонӣ баргузор шуд.