Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки санаи 17 майи соли равон доир гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда дигаргунӣ ворид карда шудааст, ки он хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад. Инчунин ба қонун моддаи 142 илова карда шудааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.
Мавриди зикр аст, ки меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқуллода” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» роҳандозӣ гардидааст.