Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова барандаи ҷоизаи солонаи байнидавлатии «Ситораҳои иттиҳод» гардид. Барандагони ҷоизаи мазкур дар соли 2020 нӯҳ нафарро ташкил додаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод» аз ҷониби Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва ФБҲБ 21 майи соли 2009 таъсис ёфтааст. Аз он вақт инҷониб ҷоизаи мазкур барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи гуманитарӣ ҳамасола тақдим мегардад. Ғолибон бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома мукофотонида мешаванд. Маблағи пулии ҷоиза ба 2 миллион рубли русӣ баробар аст.
Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ тирамоҳи имсол дар доираи Форуми зиёиёни эҷодӣ ва илмии Ӯзбекистон баргузор мешавад.