Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу рӯзи душанбе бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Имрӯз, 27 апрел ӯ дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.
Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишвраҳои узви САДД дар Кохи афсарони пойтахт доир гардида, дар он масоили таъмини амнияти низомӣ, муқовимат ба таҳдиду зўроварињо ва тадбирҳои рафъи онҳо муњокима мешавад.
Дар ин вохўрї танҳо вазири мудофиаи Арманистон ҳузур надошт. Давлати Ереван намояндаи Қувваҳои мусаллаҳи кишварашро ба пойтахти Тоҷикистон шањри Душанбе фиристод, хабар доданд аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.