Бонуи коргардон Чжао Хлоя аз Чин бо пешниҳоди филми «Сарзамини овораҳо»-яш аз аввалин бонуи қораи Осиёст, ки ҷоизаи бонуфузи соҳаи синамо «Оскар»-ро ба даст овард ва барандаи мукофоти «Беҳтарин коргардони сол» гардид. Дар таърихи ин ҷоизаи бонуфуз ӯ дувумин бонуест, ки ба ин мақом сазовор гаштааст.
Имсол ҷоизаи «Оскар» бо дарназардошти пандемияи коронавируси нав дар шакли онлайнӣ доир гардид. Ҳамчунин, ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи зан» насиби Френсис Макдорманди 63-сола аз филми мазкур шуд, ки он ҷоизаи сеюми «Оскар»-и ин бону мебошад.
«Беҳтарин ҳунарпешаи мард» Энтони Хопкинси 80-сола аз филми «Падар» дониста шуд, ки ин дувумин ҷоизаи ӯст.